БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲАМАДОНӢ. Дар иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи мошингард аз даромадгоҳи деҳаи Гулобод-Меҳнатобод то сарҳади деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иқдоми ватандӯстонаи  аъзои фаъоли ҲХДТ,  соҳибкорони  муваффақи деҳаи Гулобод мумфарш карда мешавад.

Айни ҳол бошад дар ин қитъаи роҳ корҳои тахту ҳамворкунӣ давом доранд, ки 4 адад трактор,  1 экскватор, 1 адад грейдер, 8 мошини тамғаи «Камаз» ва 2 адад мехлопат аз ҳисоби соҳибкорон бо сӯзишворӣ таъмингардида роҳро ҳамвор карда истодаанд. Аз як тарафи роҳ симчӯбҳо барои рӯшноӣ шинонида шуда,  аз дутарафи он дарахтони арча шинонида мешавад.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ба соҳибкорони деҳаи Гулобод вохӯрӣ гузаронида, оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар бораи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2019-2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

Раиси ҷамоати деҳоти Меҳнатобод Азимов Эмомалӣ қайд кард, ки барои мумфарш кардани ин қитъаи роҳ соҳибкорон 2,2  миллион сомонӣ ҷамоварӣ намуда, онро масраф карда истодаанд.

Мумфарш кардани роҳи деҳаи Меҳнатобод-Гулобод туҳфаи арзандаест, барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg