БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳимоятгари манфиатҳои халқ аст

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Себдара тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болои ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Вохӯриро муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Асақолов Алиҷон  кушода,  аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёми набтаӣ бармеояд, ёдовар шуда, афзуд, ки дар робита бо ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли  масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод карданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Вобаста ба ин зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.

Баъдан Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, солҳои 2019-2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ карда, иштирокдоронро ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, мақсаду мароми ҲХДТ  рушду тараққиёти Ватан ва зиндагии босаодати мардум аст,  даъват  намуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg