БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар соли 2018 ҷамъбаст карда шуд

ХОВАЛИНГ. Дирӯз бо иштироки аъзои Раёсат, Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳисоби ҲХДТ интихобгардида ва дигар фаъолони ҳизб маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг гузаронида шуд, ки дар кори он муовини аввали раиси ноҳия М. Қодирзода ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу  Ҳамидиён иштирок доштанд.

Дар маҷлис оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2018 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафаралӣ  Халилзода бо маърӯза баромад намуд. Аз рӯи баромад раиси ташкилоти ибтидоии бахши «Фарҳанг» Н. Ҳикматова, Литсейи касбӣ-техникӣ Ф. Акбаров ба музокира баромаданд. Баромадкунандагон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро дар соли 2018 қаноатбахш баҳогузорӣ намуданд.

Аз рӯи баромад ва музокираҳо оид ба вазифаҳои Кумитаи иҷроия дар соли 2019  қарори дахлдор қабул карда шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис-вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои ҳизбии ноҳия дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи дастуру ҳидоятҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов баромад кард.

Дар маҷлис нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои соли 2019, ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 тасдиқ карда шуд.

Дар  ҷамъбаст муовини якуми раиси ноҳия М. Қодирзода ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон ъзои ҳизбро дар соли 2019 дар амри дастуру супоришҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, мақомотҳои болоии ҲХДТ ба таври мушаххас муайян намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg