ХОВАЛИНГ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Таги ҷар», оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷ. Қаюмов баромад намуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро хеле фаҳмо шарҳу тавзеҳ дод.
Дар суҳбат диққати асоси оид ба вазифаҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар амри иҷрои он дастуру вазифаҳое, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб бармеояд, равона карда шуд.
Дар суҳбат вазифаи ташкилоти ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар бобати сарфаю сариштакорона истифода намудани нерӯи барқ, об, замин ва дигар боигариҳои табиат, рушди деҳа, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, майл намудан ба урфу одат ва фарҳанги бегона, мубориза ба нашъамандию нашъаҷалобӣ, коррупсия, риояи талаботҳои қонунҳои ҷорӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва дигар масъалаҳои ҳалталаб муайян карда шуд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 13 Мавлуда Назарова дар баромадаш дар баробари шарҳу тавзеҳи Паём аз фаъолияти вакилии худ дар давоми соли сипаригардида ҳисобот дод.
Корманди Маркази навтаъсиси СПИД М. Мирзоева вазифаи ҳар як шахсро дар кори пешгирии ин бемории сироятии табобатнашаванда ба таври дақиқ ба ҳозирин фаҳмонид.
Дар Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбии гузаронидашудаи «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинони деҳа барои сангфарш намудани роҳҳои байни деҳа ба кашонидани санг оғоз намуданд. Бо фароҳам омадани шароит, об шудани барф ба тахту ҳамвор намудани роҳҳо сар мекунанд.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ К. Шарифов дар баромадаш қайд намуд, ки ҳизбиён ва ҷонибдорони ҳизб дар асоси пешниҳоди Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2019- 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои марумӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳа як қатор корҳоро ба анҷом мерасонанд. Сохтумони бунгоҳи тиббӣ, дорухона, ду синфхонаи иловагӣ, сангфарш намудани роҳҳои байни деҳа, чароғон намудани кӯчаҳо, ташкили хатсайр ба мавзеъи таърихӣ –сангтӯдаи назди деҳа номгӯи он корҳоест, ки соҳибкорон ва дигар сокинони деҳа дар ҳамкорӣ ва дастгирии якдигар ба анҷом расониданианд.