ХУРОСОН. Раванди коргузориву ҳуҷҷатнигори дар Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидои зина ба зина хуб ба роҳ монда шуда истодааст. Ин баҳодиҳиро аз раванди расонидани ёрии методиву амалии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон метавон шинос шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар доираи супориши раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ кормандони масъули дастгоҳи ҳизб дар вилоят ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафари кори анҷом дода он камбудиву норасоиҳое, ки дар фаъолияти ҳуҷҷатнигори дида мешуданд амали ва бо ёрии методи ҳаллу фасл намуданд.
Дар асоси ин супориш корманди масъули Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Амирзода Аловуддин ба ноҳияи Хуросон омада аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии кӯчаву маҳаллаҳо ва корхонаву муассисаҳо дидан намуд. Ҳамчунин ба раванди кори таблиғотии кумита ошно гардида барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар асоси дастури раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.