БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар соли 2018 қаноатбахш ҳисобида шуд

НОРАК. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар соли 2018 бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ҳизб ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳр Қумриниссо Гулмуродзода ифтитоҳ бахшида,  ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуда, дар назди ҷамъомадагон оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар соли 2018 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2019 муфассал суханронӣ намуд.

Инчунин, дар ин раванд   ҳисоботи  гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак дар соли 2018,  тасдиқи нақшаи кории  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  барои  соли 2019, тасдиқи ҷадвали баргузории хонишҳои  сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидои ҲХДТ дар  шаҳри Норак барои нимсолаи аввали соли 2019,  тасдиқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” мавриди муҳокима қарор гирифта шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Баъдан узви  Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси шаҳри Норак  Ҳурматзода Фатҳулло Зариф ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амирзода Аловуддин  фаъолияти ҲХДТ дар шаҳри Норакро дар соли 2018 қаноатбахш арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки нисбати солҳои пешин чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, вохӯрию суҳбатҳо ҷоннок гардида, обурӯю нуфузи ҳизб дар байни омма мавқеи хубро соҳиб гардидааст.

Дар идома масъалаҳои пешниҳодгардидаи маҷлис ҳаллу фасл карда шуда, баҳри иҷрои саривақтии онҳо ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастур дода шуд.    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg