ҲАМАДОНӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати кишоварзӣ» хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки истифодаи самараноки обу замин кафили таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.
Истифодаи самараноки обу замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беворид намудани технологияҳои нав ва риояи қоидаҳои муосири агротехникии парвариши зироатҳо ғайриимкон мебошад. Дар 5 соли охир беш аз 10 ҳазортехникаву таҷҳизоти кишварзӣ ба маблағи 570 миллион сомонӣ ворид карда, барои ин дар ҳаҷми 200 миллион сомонӣ ба кишоварзон имтиёзҳо татбиқ гардиданд.