БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шарҳу тавзеҳи Паём дар ташкилоти ибтидоии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, мулоқоти навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назаров Алиҷон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" сурат гирифт.

Дар ин мулоқот мазмуну муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳизбиёни ташкилоти болозикр тавзеҳ дода шуд.

Қайд гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола саноатикунонии кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда, таъкид намуданд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22% расонида шавад. Дар ин муддат амалишавии нақшаи гузариши кишвар аз шакли аграрӣ ба индустриалӣ- аграрӣ пешбинӣ гардидааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg