БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат – дастур ва роҳнамои мост!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат дар ташкилоти ибтидоии сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми навини Президенти кишвар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон баргузор гардид.

Зимнан Зайдуллоев Муҳамадҷон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал баромад намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26.12.2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳи дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ - ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО-и Роғун, пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.

Хулоса, ин иншооти азими аср ҳамчун нерӯгоҳи барқӣ - обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат, дӯстиву  бародарӣ ва хамбастагиро ато фармудааст. Бо оғози чархаи аввали ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ  дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» ба 3 нафар кӯдакони навзод  шаҳодатномаи таваллуд ба тариқи ройгон дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg