ҶАЙҲУН. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати тарғибу ташвиқ барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва риояи қатъии пӯшидани сару либоси ягонаи мактабӣ байни омӯзгорон ва таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии №8-и Ҷамоати деҳоти Панҷ, бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамба