БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТУХМИИ ХУШСИФАТ ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

АНДЕША. Кишоварзӣ соҳаест, ки барои хоҷагидорон манфиатовар набуда, дар тамоми ҷаҳон ин соҳа зери таваҷҷуҳи доимии давлат қарор дорад. Зеро нархи маҳсулоти кишоварзӣ ҳар сол якранг нест пасту боло меравад. Аз ҷониби дигар боду ҳаво доимо дар тағйир буда, деҳқон наметавонад ҳамасола ҳосили хубро ба даст биёрад. Аз ин лиҳоз деҳқони асил пайваста бо коршиносону мутахассисон дар ҳамкорӣ бошаду тамоми нозукиҳои кишту кор ва истифодаи тухмиро донад.

Дар шароити имрӯза тухмиҳои гуногун коркард ва истеҳсол карда мешаванд, ки аз лиҳози ҳосил фарқ мекунанд аз тухмиҳои оддӣ. Кишоварзон ҳангоми кишт вобаста ба иқлим тухмиҳои хубро санҷиш карда, дар солҳои оянда истифода мебаранд.

Тухмии хуб боз ба худ тарзи истифода ва усули нигоҳубини хоси худро дорад. Дар ин ҷода зарур аст, ки кишоварзон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо идораҳои кишоварзӣ амал мекунад ва аз ҷониби дигар имрӯз хатмкунандагони Донишгоҳи аграрӣ низ бештаранд. Ҳар як кишоварз барои фаровонии ҳосил бояд дар робита бо мутахассисон бошанд. Ҳамасола бемориҳо ва дигар омилҳое, ки ба растанӣ ва дигар намуди маҳсулот зарар меорад, донанду пешгирӣ намояд.

Деҳқонон барои мо меҳнат  мекунанд ва бозори моро бо маҳсулоти омодакардаи худ пур менамоянду нархро арзон нигоҳ медоранд. Носири Хусрав хуррамии оламро маҳсули заҳмати деҳқон донистааст:

Бех аз санной олам деҳқон аст,
Ки вахшу тайрро роҳатрасон аст.
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст.
Аз ӯ гаҳ зар, гоҳе бӯстон аст.

Хоҷагидорон дар сурати оқилона истифода бурдани замин ва тухмиҳои хушсифат метавонанд ҳосили дилхоҳро ба даст оранду зиндагии худ ва дигаронро беҳтар созанд.

Сафарали Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg