БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ТОЛИБИЛМОН

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати тарғибу ташвиқ барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва риояи қатъии пӯшидани сару либоси ягонаи мактабӣ байни омӯзгорон ва таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии №8-и Ҷамоати деҳоти Панҷ, бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун  ва кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш вохӯрӣ баргузор гардид. 

Зимни чорабинии мазкур масъулин қайд карданд, ки озмунҳои зикргардида беҳтарин фурсат барои баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон аст. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму техника ва китобу китобхонӣ ҳарчӣ бештар кӯшиш намуда, баҳри пешрафту гулгулшукуфоии кишвари азизамон саҳми босазои худро гузорем. Ҳамчунин зикр гардид, ки риояи пӯшидани сару либоси ягонаи мактабӣ, ки Вазорати маориф муайян намудааст, ҳам ба омӯзгорон ва ҳам ба хонандагон шарт ва зарур мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg