БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗУИ “ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ” ҶАМЪБАСТ КАРДА ШУД

ЁВОН. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ноҳиявии ҳизб миёни  хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия озмуни иншои беҳтарин зери унвони “Забон ҳастии миллат”  эълон карда шуд.

Дар озмун зиёда аз 50 нафар хонандагон аз  муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, иншоҳои эҷоднамудаи худро дар васфи забон пешниҳод карда, иншоҳои пешниҳодшуда аз ҷониби аъзои комиссия санҷида шуд.

Дар натиҷа, Назокати Умедҷон хонандаи МТМУ №10 ҷойи якум, Лолаева Саёҳат хонандаи МТМУ № 2 ҷойи дуюм, Намозова Сарвиноз хонандаи МТМУ № 2 ҷойи дуюм, Меҳронаи Ислом хонандаи МТМУ № 9 ҷойи сеюм ва Муродова Бибихатича хонандаи Литсейи давлатии № 1 ҷоий сеюмро ишғол намуданд.

Дар фарҷом ғолибони озмуни мазкур  бо туҳфаҳо ва дипломи таъсиснамудаи Кумитаи ноҳиявӣ  сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон ҳамаи он нафароне, ки дар озмун иншо пешниҳод намуда буданд, барои иштироки фаъолона бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg