БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАМЗИ САОДАТУ ХУШБАХТИИ МО ҶАВОНОН

АНДЕША. Сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт ва самараи дилхоҳ ба бор овард. Имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат намуда, зумрае аз онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани иқдомоти онҳо дар ҷомеа имкониятҳои созгор фароҳам меорад.

Қадами нахустин дар самти ташаккулдиҳии сиёсати давлатии ҷавонон – қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад ки он ҳанӯз дар ҳафтумин моҳи бадастории истиқлолияти давлатӣ, баъди қабули Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 ба тасвиб расид.

Мулоқоти нахустини расмии Роҳбари мамлакат - Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қишри созандаи ҷомеа, ҷавонони ҷумҳурӣ  2 феврали соли 1993 сурат гирифт, ки исботи дар воқеъ ғамхору  пуштибон будани Пешвои миллат ба ҷавон мебошад.

17 марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор гардид, ки дар ин давра сохторҳои идораи давлатӣ ташаккул меёфт ва мамлакат дар оғуши ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт.

Бо умеди роҳнамоии ҷавонон ба фардои нек ва тарғиб ва таблиғи онҳо ба бунёди давлати миллӣ, дастёбӣ ба мустақилияти комил, ҳувияти миллӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ Сарвари давлат бо ҷавонон мулоқот анҷом доданд. Дар натиҷа таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба нерӯи созанда  хеле зиёд гардид, ки ҳавасмандии ҷавононро барои бунёди давлати навин бедор кард. Ин буд, ки ҳаракатҳои нахустини ҷамъиятии ҷавонон, маҳфилҳо ва гурӯҳҳои худфаъол ташаккул ёфтанд.

Давраи ташаккулёбии муносибатҳои дуҷониба байни давлат ва ҷавонон давраи қадамҳои устувор дар роҳи бунёди сиёсати давлатии ҷавонон – низоми идораи соҳаи кор бо ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ин марҳала аз мулоқоти сеюми Президенти мамлакат бо намояндагони ҷавонон (23 майи соли 1997)  ибтидо мегирад. Мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, ки маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт, давра ба давра устувор гардида, дар ҳаёти ҷавонони мамлакат саҳифаи нави таърихиро кушод. Насли ҷавон дар симои Сарвари хирадманди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибони воқеии худро дарёфт.

Дар шароити тағйирёбии муносибатҳои идоракунӣ дар Тоҷикистон зарур буд, ки қишри серҳаракат ва ояндасози он – ҷавонон мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумат қарор бигирад. Дар раванди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мулоқоти чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони лаёқатманд 16 майи соли 1998 доир гардид. Дар ин ҳамоиш Сарвари кишвар доир ба масоили таҳияи Консепсия оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон, эълон намудани 23- май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва андешидани тадбирҳо дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди соҳибкорӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ба масъулини сохторҳои дахлдор дастурҳо доданд.

Бо назардошти талаботи замон ва амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»  аз моҳи марти соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ва дар ҳамин замина мақомоти ваколатдори давлатӣ Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (20 марти соли 1998) барои олимон ва ихтирокорони ҷавон дилгармии онҳоро ба ояндаи дурахшони кишвар бештар намуд. Дар ин давра тавассути муассисаҳои илмии кишвар садҳо ҷавон соҳиби дараҷа ва унвонҳои илмӣ гардида, дар риштаҳои гуногуни ҳаётан муҳимми хоҷагии халқи мамлакат ба фаъолияти пурсамар машғул гардиданд.

Ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва дорад. Дар яке аз мулоқотҳои худ  бо намояндагони ҷавон чунин изҳор намуданд, ки «ташаккул ва таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Чунки тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст». Бо ҳамин мақсад ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба  вазъи саломатии наврасон ва ҷавонон тавассути паст намудани таъсири рафторҳои хавфнок ва одатҳои номатлуб бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саломатии ҷавонон» барои солҳои 2006-2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 қабул гардид.

Қабули «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 қабул гардид, ки он мақсад, принсип ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро муайян намуд.

Ҳуҷҷати дигар таҳти унвони «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” (минбаъд – Стратегия) мебошад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 қабул гардидааст.

Дар ҳамин асно барномаҳои соҳавии ҷавонон, аз қабили «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон» ва «Барномаи рушди саломатии ҷавонон» соли 2012 муттаҳид шуда, ба барномаи давлатии ягона ва маҷмӯи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон» ташкил доданд.

Шароитҳои арзанда барои донишандӯзии ҷавонон ҳамасола фароҳам оварда мешавад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ агар соли 1991 70 ҳазор нафар машғули таҳсил шуда бошанд пас имрӯз ин рақам ба  200 ҳазор расидааст, яъне метвон афзуд, ки сатҳи донишомӯзии ҷавонон се маротиба зиёд гардидааст.

Ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ рост меояд, чун маҳз ҳамин вазъият ба мустаҳкам ташаккулёбии он мусоидат мекунад. Намунаи олии сиёсати мазкур имрӯз дар татбиқи сифатноки он  ба назар мерасад. Бешубҳа дар ин самт як силсила санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ сиёсати мазкурро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд ва то имрӯз раванди такмил, таҳия ва қабули падарпайи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ бо маром идома доранд.

Тадбирҳое, ки дар 30 соли даврони Истиқлолият дар  мамлакат андешидашуда, пеш аз ҳама барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон нигаронида шудааст. Дар ин давра  ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мо ҷавонони торафт боло рафта, дар  раванди созандагиву бунёдкории Ватани азизамон саҳми худро мегузорем ва  бо масъулияти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ ҳар лаҳза тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва устувор гардонидани мавқеи кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ сарф менамоем.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Чун аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва дар умум миллату давлат мебошанд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли ҷавон таваҷҷуҳи хоса  дошта, он мунтаззам ҳамчун қишри пешбаранда ва ояндадори ҷомеа эътироф ва пуштибонӣ менамоянд. Дар муқоиса бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва минтақа сатҳи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон бонизом ҷараён дорад, ки он албатта, бо сабаби таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба ин қишр мебошад.

Мо ҷавонони Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ дар заминаи мактаби бузурги ватандустӣ, далериву шуҷоатманди ва садоқат ба миллату сарзамини аҷдодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти босуръат ва сифатноки тамоми соҳаҳо хоҷагии мамлакат чун ворисони асили миллати сарбаланди тоҷик зери шиори “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” муттаҳид хоҳем шуд.

Раҳмонзода Аваз,  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg