БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

ЁВОН. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ноҳиявии ҳизб миёни  хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия озмуни “Иншои беҳтарин” зери унвони “Забон ҳастии миллат”  эълон карда шуд.

Дар озмун зиёда аз 50 нафар хонандагон аз  муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, иншоҳои эҷоднамудаи худро дар васфи забон пешниҳод карда, иншоҳои пешниҳодшуда аз ҷониби аъзои комиссия санҷида шуд.

Иштирокчиёни озмун ба бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия даъват карда шуда, пеш аз маросими ҷоиза супоридан ба ғолибони озмун аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат бо довталабон вохӯрӣ доир намуд. Абдуллозода иброз дошт, ки забон яке аз рукнҳои давлатдории мо ба ҳисоб рафта, ҳифз ва гиромӣ доштани он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg