БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУРӮҒБОФИВУ ҲАСАДБАРӢ ТО БА КАЙ?

ВОКУНИШ. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо дуруғ гуфтан ба як одати муқарарии баъзе нафарон табдил гардидааст. Баъзеҳо чунон дуруғҳое мебофанд, ки бовар нокарданаш амри маҳол аст. Дурӯғгуён зери ҳар  як сухани дурӯғи худ манфиатеро пайдо кардан мехоҳанд, ки оқибат ба шармандагии дуруғгуй оварда мерасонад. Борҳо исбот гардида, ки “ Умри дуруғ кӯтоҳ” аст, вале бо дарназардошти ин суханҳои дуруғ ва ё ҳасудбари ба баъзе нафарон на танҳо одат балки шуғл гардидааст. Яке аз нафароне, ки имрӯзҳо ҳар дуруғи бофтаю сохтаи худро бо номи поки Худо оғоз мекунаду аз оқибати он намеандешад, ин аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Барномаҳое, ки имрузҳо аз тарафи ин экстремист пахш мегарданд, ба монанди филмҳои турки қисм (сериал)-ҳоеро  мемонад, ки тамошобинро ба ҳар ваҷҳ ба дидани қисми навбати ҷалб кардани мешавад. Аммо барномаҳои ин нокаси ифротӣ аз сериалҳои туркию ҳиндӣ,  бо дуруғҳои баръало мушоҳидашавандаҳои худ куллан фарқ мекунад. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрӯз мехоҳад дар ниқоби  “донандаи хуби дини Ислом”, “ҳомии муҳоҷирон”, “ ғамхори милат” худро нишон дода, аз боварии шахсони суст ирода ва ё нафароне, ки ба мушкилиҳои гуногун дучор гардидаанд, истифода намояду онҳоро ба механизми амалисозии ҳадафу ниятҳои шуми худ истифода намояд. Талбидан маъқул (лайк, класс) барои ҳар як барномаи худ, тасдиқи гуфтаҳои болост. Барномаҳои бофтаю сохтаи М. Садриддин аз ҳасадбарию чашми ноҳақбин доштани он далолат медиҳад, ки  нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо мушоҳида гардидааст. Муҳаммадиқболи Садриддин чунин меандешад, ки бо суханҳои носазо гуфтан, бо туҳматҳои беасос, бо ҳасадбарию кинаю адоват нисбати шахсони муътабар, метавон обрӯ ва нуфузи худро байни мардум пайдо кард ё боло бурд, аммо ин як хаёли хомест, ки солҳои сол дар гӯши ин саги бовафои хоҷаи хориҷӣ гуфта мешавад. Яке аз амалҳои макоронаи ин афроди бадхоҳу ватанфӯруш суистифода аз дини мубини Ислом аст, ки дар ҳар як барномаи М. Садриддин мушоҳида мегардад, ки бо номи поки Худо барномаи худро оғоз менамояду, барномаро бо туҳмат, буҳтон ва суханҳои беасосу бофтаю сохта ва ё тарҳрезишуда ба анҷом мерасонад, ки дар ягон ҳадису оятҳои китоби муқаддаси Қуръон наомадааст.

         Аз ин лиҳоз аз ҳар фардӣ истифода барандаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё худогоҳу хештаншинос даъвати амиқ ба амал меоварам, ки таҳлилгару дақиқсанҷ бошанд ва ба ҳар суханҳои пучу бемаънии хиёнтпешагон гӯш надиҳанд, зеро ҳар амалеро оқибат подошест.

Ёров Худойдод, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва итиллооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон                                                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg