БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗӢ АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ АСТ

ДАНҒАРА.  Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон оид ба бунёди роҳ ва дигар шароити инфрасохтори дар маҳал   бо дастгирии бевоситаи  раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин дар якҷоягӣ  бо  ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ҷамоати деҳоти Лоҳур деҳаи Хушдилон бо ҷалби сокинони маҳалла зиёда аз 14  киллометр роҳи байни деҳаи Хушдилон то маркази ҷамоат  сангфарш гардида истодааст, ки яке аз ташаббусҳои пешгирифтаи ҲХДТ ба ҳисоб меравад.

Бояд ёдовар гардид, ки  ин деҳаи номбурда тӯли солҳо буд, ки барои то маркази ҷамоат  ё ноҳия омадан аз набудани роҳ танқисӣ мекашиданд, шукри истиқлол, ваҳдат, сулҳу амнияти кишварро ба ҷо биёрему барои ободии маҳаллу Ватани хеш кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg