БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Май 2021

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮИ "САҲМИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА" БО ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

НОРАК. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак дар мавзӯи "Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба" доир гардида истодааст.

ҲАФТАИ “ПОСИ ХОТИР” ДАР КӮЛОБ

КӮЛОБ. Бахшида ба 76-солагии иди Ғалаба бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар боғи “Ғалаба”- и шаҳр ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз дар доираи ҳафтаи “Поси хотир” майдони боғи мазкур тозаю озода карда шуда, 76-солагии иди Ғалаба дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

АКСИЯИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” БАХШИДА БА 76-СОЛАГИИ ҒАЛАБА

КӮЛОБ. Бахшида ба таҷлили ҷашни 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва инчунин, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар оромгоҳи маҳаллаи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ”  ташкил ва баргузор карда шуд.

ОЗМУНИ ИНШОИ ОЗОД ДАР МАВЗӮИ “АРҶГУЗОРӢ БА ДАЛЕРИВУ КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ БОНАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ”

КӮЛОБ.  Бахшида ба 76-солагии Иди Ғалаба дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озмуни иншои озод дар мавзӯи “Арҷгузорӣ ба далериву корнамоиҳои фарзандони бонангу номуси миллат” ташкил ва баргузор карда шуд.

АРҶГУЗОРӢ БА ДАЛЕРИВУ КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ БОНАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ

КӮЛОБ.  Нимаи дуюми рӯз бахшида ба 76-солагии Иди Ғалаба шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и Кӯлоб дар мавзӯи “Арҷгузорӣ ба далериву корнамоиҳои фарзандони бонангу номуси миллат” озмуни иншои озод ташкил ва баргузор карда шуд.

САҲМИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА НАЗАРРАС АСТ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷ. Алӣ” аз ҷониби масъулини ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Таварзода Азизҷон ва Саидов Умар хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба”  ташкил ва баргузор карда шуд.

ТАЪМИНИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ КАФОЛАТИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён ҷиҳати ба дарки мардум расонидани истифодаи самаранок истифода намудани ҳар як порча замин бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворӣ ко

МО ҚАҲРАМОНОНИ ХУДРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНЕМ

ДАНҒАРА. Бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони “Поси хотир”  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо  донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара ва  собиқадори башардӯст Азизов Асомиддин вохӯрӣ доир гардид.

МО ҶОНИБДОРИ СУЛҲУ СУБОТЕМ

ВОКУНИШ. Масъалаи бо роҳи мусолиҳа ҳал гардидани мушкилоти марзии Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон рафта-рафта ба доғи рӯз табдил ёфта истодааст. Муноқишаҳои мусаллаҳонаи қирғиз ва задухӯрдҳои сокинони наздимарзӣ вақтҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳода, мақомоти дахлдори кишвари азизамонро нигарон намудааст.

ХОТИРАИ НЕКИ ФАРЗАНДОНИ ШУҶОИ ВАТАН!

НОРАК. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи шаҳри Норак дар китобхонаи марказии шаҳр  бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76- солагии  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мизи мудаввар бо иштироки собиқадорони башардӯст ва ҷалби хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар  мавзӯи “Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба” доир карда шуд. 

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg