БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” БАХШИДА БА 76-СОЛАГИИ ҒАЛАБА

КӮЛОБ. Бахшида ба таҷлили ҷашни 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва инчунин, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар оромгоҳи маҳаллаи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ”  ташкил ва баргузор карда шуд.

Чунин ҳашарҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Даҳана, Зиракӣ, Кӯлоб ва Зарбдор низ тибқи нақша роҳандозӣ шуда истодааст. Мақсад ва ҳадаф аз баргузории чунин рӯзҳо ба хотири эҳтиром гузоштан ба рӯҳи авроҳи гузаштагон, тозаю озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва сабзу хуррам гардондани манзилҳои онҳо мебошад.

Мавриди зикр аст, ки амали мазкур ҷиҳати бузургдошт ва шод намудани рӯҳи гузаштагон роҳандозӣ гардида, то охири сол идома хоҳад ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg