НОРАК. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак дар мавзӯи "Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба" доир гардида истодааст. Дар рафти вохӯриҳо масъулин ба хонандагон оид ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизм суҳбатҳо оростанд.