КӮЛОБ. Бахшида ба 76-солагии Иди Ғалаба дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озмуни иншои озод дар мавзӯи “Арҷгузорӣ ба далериву корнамоиҳои фарзандони бонангу номуси миллат” ташкил ва баргузор карда шуд.
Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур арҷгузорӣ ба далериву корнамоиҳои фарзандони бонангу номуси миллат буда, миёни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ давра ба давра баргузор карда мешавад.