БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҚАҲРАМОНОНИ ХУДРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНЕМ

ДАНҒАРА. Бахшида ба сазовор таҷлил намудани 76 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони “Поси хотир”  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо  донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара ва  собиқадори башардӯст Азизов Асомиддин вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин қайд карданд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд,  ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи ғалаба низ дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ  мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, Тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо шуда дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Дар маҷмӯъ аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагии бемисл нишон доданд.
Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф  намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg