БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ КАФОЛАТИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён ҷиҳати ба дарки мардум расонидани истифодаи самаранок истифода намудани ҳар як порча замин бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.

Намояндагони ҳизбӣ дар корҳои тарғиботӣ аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан карда, бо онҳо барои истифодаи оқилона истифода бурдани ҳар порчаи замин суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Аз корҳои тарғиботӣ мушоҳида гардид, ки сокинондастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, ҳар як порча замини дар ихтиёрдоштаашонро самаранок истифода бурда истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg