БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Май 2021

ҲХДТ ҲАМЕША ДАР ПАҲЛУИ ХАЛҚ АСТ

ВОСЕЪ. Бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ кормандони масъули ҳизбӣ, сокинони хайрхоҳи ҷамоати мазкур, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои тозакунии кӯчаҳо ва хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарадида аз лойоба бо маром идома дорад.

НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ВАХШ. Ҷиҳати дасти кумак расонидан ба шахсони ятиму бепарастор, барҷомондагон ва шахсони ниёзманд дар иду ҷашнҳо бахшида ба иди сайиди Фитр ба як нафар ниёзманд аз ҷамоати шаҳраки Вахш Маҳмадиев Умаралӣ кумаки моддӣ расонида шуд.

БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ХАЙРИЯВӢ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ҷ. БАЛХӢ. Бо ҷалби вакилон, соҳибкорон ва саховатмандон бахшида ба иди Сайиди фитр бо дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат”  ба оилаҳои ниёзманд ва маъюб кумаки моддӣ,  аз қабили орд, равған биринҷ, шакар ва дигар маҳсулотҳои ғизоӣ расонида шуд.

ВАТАН ДАР СИНААМ БО ИН БУЗУРГӢ...

ВОКУНИШ. Оре Ватану ватандорӣ, ободию шукуфоии он ба ваҳдати мо вобастагии калон дорад. Мо тоҷику Тоҷикистониён Ватанро месозем, обод мекунем-Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арафаи санаи бузурги таърихӣ қарор дорад, 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин Ватан бо бузургию хирадаш имрӯз насиби мо ашхоси хушбахти қаламрави биҳиштосою офтобрӯяи Тоҷикистон гаштааст.

ХОНИШИ СИЁСӢ СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

ШАҲРИТУС. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки котиби ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти Обшорон» Пардаева М., кормандони ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Обшорон ва раисони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Обшорон соати сиёсӣ гузаронида шуд.

ДАСТГИРИИ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

ШАҲРИТУС. Бо мақсади дастгирию кумак ба оилаҳои ниёзманд дар арафаи Иди саиди фитр ва ба ин васила таҳким бахшидани обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҳисоби кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепара

НАҚШИ ҲИЗБИЁН ДАР ПЕШБУРДИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ШАҲРИТУС. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Мо бо Шумоем!” бо дастгирии  ташкилоти ибтидоии ҷамоати шаҳраки Шаҳритус,  раиси маҳаллаи Рӯдакӣ Ҳусейнов дар ба масофаи 4 км роҳи мошингузар бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии МДНРА (роҳсоз) дар сатҳи хуб ташкил ва гузаронида шуд.

САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

ҶАЙҲУН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  вохӯриро оид ба истифодаи самараноки заминҳо дар муассисаи таълимии №27 доир намуд. Дар раванди баргузории вохӯрӣ, масъулин аз заминҳои корами назди муассисаи таълимӣ дидан карданд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- ҒАМХОРИ ҶАВОНОН

Н.ХУСРАВ. Бахшида  ба  Рӯзи  ҷавонони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав чорабиниҳои  фарҳангию  фароғатӣ  ва  оммавию  тарғиботӣ, суҳбату  мулоқотҳо  бо  ҷавонону  наврасон баргузор  намуда, ғамхориҳои  давлату  Ҳукумат  нисбати  насли  ҷавони  кишварро ҳаматарафа  фаҳмонида   дода истодаанд.

ТАНЗИМ ШАРОИТИ ЗИНДАГИИ СОКИНОНРО БА НИЗОМ МЕДАРОРАД

Н.ХУСРАВ. Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  ба  сокинон  фаҳмонидани арзишҳои  аслии  фарҳанги  миллӣ,  гирифтани  пеши  роҳи  хароҷоти  зиёдатӣ,  баланд  бардоштани  сатҳи иҷтимоию  иқтисодии  ҳаёти  шаҳрвандон беҳтар  намудани  шароити  зиндагии сокинон   равона  мегарданд, корҳои фаҳмондадиҳиро ҳамарӯза   ба  роҳ  монданд.     Масъулини  Кумитаи  иҷроия  бо  сокинони   деҳаи Арабхонаи   ҷамоати  де

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg