БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

ҶАЙҲУН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  вохӯриро оид ба истифодаи самараноки заминҳо дар муассисаи таълимии №27 доир намуд. Дар раванди баргузории вохӯрӣ, масъулин аз заминҳои корами назди муассисаи таълимӣ дидан карданд. Дар рафти вохӯрӣ маълум гашт, ки масоҳати умумии замини назди муассисаи таълимии №27 0,30 гектарро фаро мегирад, ки дар ҳамаи он кишту парвариши зироатҳо, аз қабили картошта, помидор, лӯбиёгиҳо ва дарахтони мевадиҳандаи  олу, шафтолу ва зардолу ба роҳ монда шудааст, ки ҳоло нашъунамои ҳуб дошта, меҳнаткашон умед доранд, ки ҳосили хуб ба даст оранд.

Тавре иттилоъ дода шуд, як қисми ҳосили маҳсулотҳои кишоварзӣ барои таъминоти ошхонаи муассиса ва қисми дигар барои шахсони камбизоат, ки дар муассисаи таълими кор ва фаъолият менамоянд равона карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg