БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Май 2021

МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ЗАМИНА МЕГУЗОРАД

ВОСЕЪ. Бо мақсади  бедор намудани ҳисси ҷавонон барои ватандӯстӣ ва ихтиёран сафарбар шудани онҳо барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Восеъ дар ҳамбастагӣ бо ТҶММ (Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа)  миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мусобиқаи варзишӣ баргузор намуданд.

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

ҶАЙҲУН. Меҳнати софдилонаву бошараф дар ҳама давру замон қадр мешавад. Оне, ки бо дасту дили пок хизмати меҳанашро ба сомон мерасонад, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор мегирад.

НАФАРОНИ ЭҲТИЁҶМАНД ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВВАҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

КӮЛОБ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати башардӯстона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравиҳои зиёде дар бахши  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар самти дастгирию кумаки ятимону бепарасторон ба вуқуъ пайваста, нафарони эҳтиёҷманд ҳамеша зери тавваҷуҳи давлату ҳукумат қарор доранд.

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД”

КӮЛОБ. Тибқи нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и назди Кумитаи иҷроия бахшида ба 76-солагии Иди Ғалаба Аксияи хизбӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” доир гардид.

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИЮ МАШВАРАТӢ БО ФАРОГИРИ МАВЗӮҲОИ МУХТАЛИФИ РӮЗМАРРА

КӮЛОБ. Бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишию машваратӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

НАВРАСОН БОЯД ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДОГОҲӢ БА ВОЯ РАСАНД

ВОСЕЪ. Тарбия намудани насли ояндасози миллат амали саҳлу осон набуда, аз аҳли ҷомеа, омӯзгорону волидон ирода ва саъйю талоши ҳамешагиро талаб мекунад, қайд кард, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ зимни вохӯрӣ бо мураббияҳои ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Офтобак-Боғчаи №2”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия.

КУМАКИ ҲИЗБИЁН БА СОКИНОНИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА

ВОСЕЪ. Дасти ҳамдигарро гирифтан, дар ғаму шодии якдигар шарик шудан, дар мусибат дар бари бародару хоҳари худ рост будан яке аз фазилатҳои хуб ва неки мардуми тоҷик мебошад. Ва аз чунин фазилатҳо сокинони ноҳияи Восеъ низ истисно нест.

ОФАТИ ТАБИӢ БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ НИЗ ЗАРАРИ ХУДРО РАСОНИД

ВОСЕЪ. Ноҳияи Восеъ, дар ҳамворӣ воқеъ гашта, аз ин ноҳия се дарё Сурхоб, Ёқсу ва Кӯлобдарё мегузарад. Селе, ки аз ноҳияҳои кӯҳӣ, Балҷувону, Ховалинг, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Темурмалик мефарояд, ба ин дарёҳо рехта аз ноҳияи Восеъ мегузарад. Бо ҳамин сабабҳо вақти гузаштани сел, дар ин ноҳия хатари офати табиӣ зиёд мешавад.

АЗ КУРСИ ОМӮЗИШИИ ҶАВОНОН ТААССУРОТИ НЕК БАРДОШТАНД

ВОСЕЪ. Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дарсҳои курси омӯзишии “Созандагони Ватан” гузаронида мешавад.

БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТИ ОФАТИ ТАБИӢ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН

ВОСЕЪ. Тағйирёбии иқлим на танҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад, балки боиси сар задани ҳама гуна офатҳои табиӣ мегардад. Бахусус, гарм шудани ҳаво метавонад боиси тез об шудани пиряхҳо ва сероб гаштани дарёҳо гардад, ки ин ба омадани сел оварда мерасонад. Инчунин, тағйирёбии иқлим боиси боридани боронҳои  сел, жола мегардад.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg