БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНЗИМ ШАРОИТИ ЗИНДАГИИ СОКИНОНРО БА НИЗОМ МЕДАРОРАД

Н.ХУСРАВ. Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  ба  сокинон  фаҳмонидани арзишҳои  аслии  фарҳанги  миллӣ,  гирифтани  пеши  роҳи  хароҷоти  зиёдатӣ,  баланд  бардоштани  сатҳи иҷтимоию  иқтисодии  ҳаёти  шаҳрвандон беҳтар  намудани  шароити  зиндагии сокинон   равона  мегарданд, корҳои фаҳмондадиҳиро ҳамарӯза   ба  роҳ  монданд.     Масъулини  Кумитаи  иҷроия  бо  сокинони   деҳаи Арабхонаи   ҷамоати  деҳоти  Истиқлол мулоқот   доир карданд.

Масъулин   дар суҳбат вобаста ба   тарбияи  ахлоқиву  маънавии  ҷомеа, ҳимояи  манфиатҳои  иҷтимоии  мардум, гирифтани  пеши  роҳи  хароҷотҳои   зиёдатӣ,  вобаста ба   сарфакорона  оростани  дастархони  идона дар  рӯзи Иди  шарифи  Рамазон  андешаронӣ карда, қайд  намуданд, ки  дар  рӯзи ид мо бояд сарфакориро пешаи худ карда, бо гирифтани пеши роҳи зиёдаравӣ  ҳар  як  оила  метавонад  шароити зиндагии  худро беҳтар намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg