БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН ДАР СИНААМ БО ИН БУЗУРГӢ...

ВОКУНИШ. Оре Ватану ватандорӣ, ободию шукуфоии он ба ваҳдати мо вобастагии калон дорад. Мо тоҷику Тоҷикистониён Ватанро месозем, обод мекунем-Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арафаи санаи бузурги таърихӣ қарор дорад, 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин Ватан бо бузургию хирадаш имрӯз насиби мо ашхоси хушбахти қаламрави биҳиштосою офтобрӯяи Тоҷикистон гаштааст. Воқеан ҳам мо мардуми хушбахттарини дунёем, орзую амалҳои чандинасраи мо бо хости Яздони поку шахси қадрдону оқил амалӣ гаштааст. Пас моро месазад, ки барои кишвари азизи хеш новобаста аз сину сол ҳама аз як гиребон сар бароварда барои тинҷу ором, ободу зебо гаштани Ватани худ саҳме гузошта бошем.

Ватан – Модар ҳамрадифанд. Ватанро ҳимоя кунем, обод созем, модарамонро дӯст дорем, насли ояндасози миллатро дар якҷоягӣ тарбия намоем. Ин аст Ватану ватандорӣ. Вақте мо худро соҳибватан меҳисобем, ки барои Ватани хеш ҷидду ҷаҳд намоем, қадр кунем, ҳифз намоем, чунки гаҳвари қимматтарин-Истиқлолиятро аз даст надиҳем. Онро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намоем. Ин ганҷи бебаҳост.

Ҳамватан ҳастему хурсандем,

Ҳамватанему решапайвандем.

Бо тамоми мардуми дунё,

Ҳамдаму ғамхору дилбандем.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ миллатамон дар саҳифаи таърих онқадар тӯлонӣ нест, аммо шахси дурандешу хирадманд, Пешвои миллат як давлати парешонгаштаро, ки қариб буд аз харитаи сиёсӣ ба нестӣ равад, мардуми азияткашида, аз зиндагӣ умеде надоштанд, бо як фикрҳои солиму дурбинона, ба дили мардуми ноумедгашта  меҳре афрӯхт, дили миллаташро дубора ба ҳаёт гарм сохт, як кишварро аз сари нав обод сохт, бунёд намуд, пора-пораҳоро ҷамъ овард,  давлате сохт, ки онро Тоҷикистон ном ниҳод. Оре Тоҷикистони биҳиштосо.

Тоҷикистон хоки аҷдодӣ,

Марзи бахту кишвари шодӣ.

Аз парешонӣ ту эмин бош,

Дар қабои сабзи озодӣ.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро иҷлосияи тақдирсоз ном ниҳоданд. Бараъло дуруст аст. Чунки ба халқи азияткашида бахт хандид. Ба сари ҳокимият марди ҷавонӣ 40-сола бо як иродаи қавӣ, бо қадамҳои устувори Рустамона ба майдон омад. Ҳол он ки дар он шабу рӯз ҷони ҳар як фард дар хатар буд. Бо дили пур аз меҳру муҳаббати ватану ватандорӣ, бо нангу ори миллатдорӣ, бо дуои неки модарон аввалин бор суханронӣ намуд. «Ман ба Шумо сулҳ меорам»-дили шикастаи модарон, ашки кӯдакони ятим, пирони солхӯрдаи ноумедгашта, ҷавонони дилсардшударо ба даст гирифт, падарӣ намуд ва ба дили халқаш дубора умеду орзу бахшид. Рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ овард, обод кард, бунёд намуд. Ватани азизи мо оҳиста-оҳиста тағйир ёфт, ки ба ақл назар кунӣ ҳоло Тоҷикистони биҳиштосои мо ҷавони 30-солаеро мемонад. Аммо дар тӯли 30-сол чӣ қадар заҳмату меҳнатҳои беохирро паси сар намуд.

Барои аз нав барқарор намудани давлати тоҷикон андеша кард, ки гурезаҳо ба макони зисташон баргардонида шаванд. То ҷое суханҳои таъсирбахш дар гӯшам садо медиҳад. «То як гурезаро ба макони зисташ бар нагардонам худро тинҷу ором ҳис намекунам! Ман ба Шумо кони тилло ваъда намекунам. Як бурда нонро бо ҳам мехӯрем! Шуморо хонаантон, маҳаллаатон, ҷои зистатон интизор аст!». Ин суханони оташин меҳрро нисбат ба Ватан боз зиёд намуд. Дар ҳақиқат он ваъдаҳое, ки дар як вақти мушкил ба халқу миллаташ дода буд, даҳчанд амалӣ гаштанд. Пешвои кордон сулҳу суботро ҷорӣ намуд. Ба аҷал даст ба гиребон шуд, ҷони ҷавони хешро барои миллаташ дареғ надошт, то ки сулҳу ваҳдат орад.

Мо фахр аз чунин Пешвои абарқудрат мекунем. Фахр аз он дорем, ки дигар давлатҳо барои ба осонӣ ба даст овардани Истиқлолияти мо тоҷикон ҳасад мебаранд. Пас мо мардуми сарбаландро месазад, ки ҷавобан ба ин гуна шароит, рӯҳафзун гаштан ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надод, Ватани азизу мақаддасамонро ба дидаҳо нигоҳ дорем. Чунки мо пайвандгари якдигарем. Тоҷикему бо Тоҷикистон зиндаем. 

Шариф Сатторов, мудири шуъбаи омори  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg