ШАҲРИТУС. Бо мақсади дастгирию кумак ба оилаҳои ниёзманд дар арафаи Иди саиди фитр ва ба ин васила таҳким бахшидани обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҳисоби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат аз он ҷумла: ба маъюби гурӯҳи якум Юсупов Ашуралӣ, ба оилаи камбизоат Олимов Амир ва ба ятиму бепарастор Шукурова Зевар ба кумаки хайриявӣ расонида шуд.