БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- ҒАМХОРИ ҶАВОНОН

Н.ХУСРАВ. Бахшида  ба  Рӯзи  ҷавонони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав чорабиниҳои  фарҳангию  фароғатӣ  ва  оммавию  тарғиботӣ, суҳбату  мулоқотҳо  бо  ҷавонону  наврасон баргузор  намуда, ғамхориҳои  давлату  Ҳукумат  нисбати  насли  ҷавони  кишварро ҳаматарафа  фаҳмонида   дода истодаанд.

Масъулин  бо  ҷавонону  наврасони  деҳаи Мирзоободи  ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  мулоқот  намуда,  таъкид карданд, ки имрўзҳо Ҳукумати кишвар барои ҷавонон тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, баҳри ояндаи  онҳо чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар маҳз барои ояндаи ҷавонон нигаронида шудааст. Ҷавонони саодатманди  тоҷик, зодагони  даврони соҳибистиқлолии  кишвари  маҳбубамон  аз муҳаббату самимияти  беандозаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон пайваста баҳравар  мебошанд.  Боиси хурсандӣ ва сарфарозии ҷавонони мост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми  имсолаи  худ  таъкид  намуданд, ки ҷавонон дар рушди    иқтисодиву  иҷтимоии кишвар  саҳми  бисёр  арзишманд  дошта, дар  ҷомеа  нақши  муосир  доранд.  Ин боварии Пешвои  миллат  нисбати   ҷавонон мо ифтихори  бузург  мебошад. 

Боварии  комил  дорем, ки  ҷавонони  мо  бо пайравӣ  аз  Пешвои  миллат баҳри   бунёдкории  Ватани  азизамон- Тоҷикистони  биҳиштосо дилпурона ва  бо  қадамҳои  устувор ба сӯи  ояндаи ободу  осудаи кишварамон дар  сафи пеши  ҳамватанон  мебошанд. Ҷавонон  аз дастгирию   ғамхориҳои Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон руҳбаланд гардида, ифтихор аз  он  намуданд, ки  онҳо  дар  меҳвари  сиёсати  дурандешонаи  Пешвои  миллат қарор доранд, дар  ҷавоби  ин  ғамхориҳо  кӯшиш  ба  харҷ  медиҳанд, ки дар пешрафту  шукуфоии  мамлакат саҳми  арзандаи  худро  мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg