ФАРХОР. Бахшида ба иди байналмилалии Нарӯзи аҷам аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии деҳаи Муҳоҷирободи деҳоти Дарқад ҷиҳати оростани дастурхони идона маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.
АНДЕША. Ҳамасола дар кишварамон санаи 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардида, аз мақому манзалати сухану санъати журналистика ва расонидани хабару гузоришҳои воқеъбинона доираҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори андеша менамоянд.
АНДЕША. Дар ҳақиқат Наврӯз асрҳои дароз бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон ҷилва мебахшад, ҷашни ҷаҳону ҷавонию шодмонист, ҷашни замину офтоб аст, шӯр заданҳову ҷӯши шукуфтанҳо, саршор аз нури шукӯҳи оғоз аст. Иди Наврӯз дар таърих ва фарҳанги мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мақоми махсус дорад. Якчанд арзишҳои фарҳангии ниёгони мо тавассути китоби «Авасто» то ба имрӯз ба мо боқӣ мондааст.
АНДЕША. Наврӯз аз зумраи идҳое мебошад, ки қадимтарин буда, онро мардуми тоҷик дар қатори дигар халқу миллатҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Наврӯзро соли нави мардуми ориётабор маънидод намуда, он ҳар сол 21-уми март бо муҳаббату самимият пешвоз гирифта мешавад. Чуноне ки аз номи он бармеояд, Наврӯз маънии “рӯзи нав”-ро дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад.
ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кӯчаю гулгаштҳои маркази шаҳрак, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Наврўзи байналмилалӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сулҳ» бо ҷалби ҷавонон корҳои ободонӣ ташкил ва гузарон
АНДЕША. Наврӯз миёни мардуми Тоҷикистон аз маҳбубияти том бархӯрдор аст, зеро он қадимтарин ва бузургтарин, азизтарин, маъруфтарину машҳуртарин ҷашни мардумӣ маҳсуб мегардад. Наврӯз ҳамчунон азизу мӯътабар аст, ки ҳангоме «баҳор» бигӯем, Наврӯзро дар назар дорем.
МУЪМИНОБОД. Дар Қасри фарҳангӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ семинари омӯзишӣ бо раисон ва котибони масъули ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
ВОКУНИШ. Ҳамаи мо хуб медонем, ки матбуот дар ҳама давру замон дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳиму арзанда дорад.
АНДЕША. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам гардид, ки мо ҳама ҷашну маросимҳои миллӣ ва анъанаҳои гузаштаи худро дубора эҳё намоем. Вобаста ба таҷлили ҷашнҳо ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани онҳо мо имкониятҳои васеъ дорем. Насли имрӯза муваззафанд, ки гузаштаи худро донанду меъроси таърихии хешро ҳимоя созанд.
АНДЕША. Наврӯз яке аз куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, дар луғатҳо ба маънои «рӯзи нав» ва «тоза», «рӯзи нахустин», аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12