КӮЛОБ. Бо дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иқдомҳои хайриявӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
ЁВОН. Ба ифтихори ҷашни 26- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар толори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Мароми мост- мароми халқ” баргузор гардид, ки дар кори он омӯзгорону ҷавонони лаёқатманди ноҳия, донишҷӯёну аъзои ҲХДТ иштироки фаъолона доштанд.
ВОСЕЪ. Бахшида ба 26- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар мавзӯи “Зан ва ҷомеа” вохӯрӣ баргузор гардид.
АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби даврони навини давлатдории тоҷикон буда, дар фазои сиёсии озод, гуногунандешӣ ва эҳтироми ақидаҳо фаъолият намуда, ҳадафу мақсадҳояшро аз тариқи парлумон амалӣ месозад. Пешрафти фаъолияти он қабл аз ҳама ба татбиқи ормонҳои мардум, амалӣ сохтани меъёрҳои демократӣ вобаста мебошад.
БОХТАР. Дирӯз дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба сазовор таҷлил намудани 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Бохтар озмуни ҳизбии “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Тоҷикистон озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо!” оғоз гардид.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхонаи вилоят” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло бахшида ба истиқболи 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир карда шуд.
БАЛҶУВОН. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 26 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон миёни занону духтарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мулоқоту вохӯриҳо дар мавзӯи “Зан ва ҷомеа” баргузор гардида истодааст.
АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми 26 соли фаъолияти пурсамар таҳти шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” бо роҳбарии Раиси муаззами ҳизб -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҳамчун ҳизби пешбаранда ва ташкилотчии омма шинохта шуд.
АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ буда, санаи 10 декабри соли равон ба фаъолияти пурсамари он 26-сол пур мешавад.
ШАҲРИТУЗ. Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар Ҷамоати деҳоти Обшорон дар маҳаллаи Бинокор бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Идораи ҷангал” Аксияи ҳизбии “Ниҳолшинонӣ” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз баргузор гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12