БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҲИЗБИ БАЁНГАРИ ОРМОНҲОИ МАРДУМӢ

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми 26 соли фаъолияти пурсамар таҳти шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ  ва зиндагии шоистаи мардум” бо роҳбарии Раиси муаззами ҳизб -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  мамлакат  ҳамчун ҳизби пешбаранда ва ташкилотчии омма  шинохта шуд.

Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат - ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, таъмини амнияти озуқавории мардум ва ахиран саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчунин рушди бахшҳои иқтисоду сиёсату илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии сокинони кишвар ниҳоят калон аст.  Имрӯз мақоми пешбарандагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳар қадам, дар   ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Ховалинг ҳам бараъло ба мушоҳида мерасад. Ноҳияи Ховалинг дар чанд соли охир дар асоси сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои худро ба кулли дигар намуд.  Маркази ноҳия, ки соли ҷорӣ мақоми шаҳракро  гирифт, ба як макони диданӣ ва зебо табдил ёфтааст.

Ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохта ба истифода додани бештар аз 350 адад иншоотҳои хурду бузург ба нақша гирифта шудааст, ки дар бунёду ба истифода додани онҳо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби мардумӣ ниҳоят калон мебошад.

Садоқату самимияти хоса, эҳсоси баланди ватандорӣ, ғамхорӣ ба халқу миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро минбаъд ҳам ба дастоварду комёбиҳои беназир ноил мегардонад.

Халилзода Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg