БОХТАР. Дирӯз дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба сазовор таҷлил намудани 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Бохтар озмуни ҳизбии “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Тоҷикистон озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо!” оғоз гардид.
Зимни оғозии озмуни мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб, намояндагони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагон иштирок дошта, дар баромади худ, номбурда доир ба шартҳо ва талаботҳои баргузории озмуни мазкур ёдовар шуда, иброз дошт, ки баргузории озмун ба муносибати 26 солагии таъсисёбии ҲХДТ мебошад. Озмуни мазкур таи ду рӯз доир гардида, рӯзи 9 декабр дар арафаи таҷлили Рӯзи таъсисёбии ҳизб ҷамъбаст ва ғолибони озмун бо туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр қадр карда мешаванд.