БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ДАР ҶОМЕА НАҚШИ МУҲИМ ДОРАНД

БАЛҶУВОН. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 26 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон миёни занону духтарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  мулоқоту вохӯриҳо    дар мавзӯи “Зан ва ҷомеа” баргузор гардида истодааст.

Чунин мулоқоти судманд дар ташкилоти  ибтидоии кӯдакистони “Парасту №1” бо занону духтарон  дар мавзӯи “Зан ва ҷомеа”  баргузор гардид, ки дар он мудири шӯъбаи кор  бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия  Марҷона Муродова дар бораи Рӯзи таъсисёбии  ҲХДТ баромад намуда, қайд кард, ки имсол аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 26 сол сипарӣ   мегардад,  ки дар тӯли  26-соли таъсисёбии як ҳизбӣ  сиёсӣ , ҳизбӣ  созанда  фаъолияти самарабахши хешро дар тамоми  самтҳои сиёсӣ  ва фарҳангӣ   дуруст ба роҳ мондаа, ба натиҷаҳои дилхоҳ ва ба  комёбиҳои назаррас ноил гаштааст.

Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон  маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди  мардумӣ   дар  арсаи сиёсати кишвар ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии  шаҳрвандӣ , барқарорсозии сулҳу оромӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ  саҳми сазовор гузоштааст. Қайд кардан зарур аст, ки Роҳбарии ин ҳизби созандаро  Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба уҳда доранд, ки воқеан ин  абармарди хирад бо андешаю  маърифати  волояш тавонист, Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистонро ба як ҳизби пирӯз ва роҳнамои миллат табдил диҳад.

Мо, занону духтарон ва ҳизбиён бояд, ки ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ  ва таъмини рушди устувори мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳамчун  ҳадафи олии кишвар  тарғиб   намоем.

Чунин  нақши занон дар ҷомеа хело муҳим буда, баҳри амалӣ   намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва  ғояҳои созандаи он саҳми беназир доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg