БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҲИЗБИ МАРДУМӢ

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ буда, санаи 10 декабри соли равон ба фаъолияти пурсамари он 26-сол пур мешавад. Тӯли ин солҳо ҲХДТ тавонист дар таъмини зиндагии шоистаи мардум, некӯаҳволии халқ, рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф, тандурустӣ ва ғайра саҳми босазои худро гузошта, инчунин, он барои таҳкими устувории сулҳу субот, амнияту оромӣ ва осоиштагии халқу кишвари Тоҷикистон мусоидат намудааст.      

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ буда, фаъолияташ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Дар ин раванди созандагиву ободкорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми хоса дошта, аъзои ин ҳизби мардумӣ ҳамчун нерӯи пешбаранда саҳми арзандаеро барои ободӣ ва гул-гулшукуфии кишвар мегузорад. Боиси зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Ин ташкилоти қудратманд тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳо, Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судмандеро ба роҳ мондааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам дорад ва мо бояд ин дастовардро ҳифз намуда, фаъолияти худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем. Мо дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар саросари кишвар корҳои ободонӣ ва созандагӣ идома доранд. Барои бо дастовардҳои  арзанда истиқбол гирифтани ин ҷашни бузург саҳми ҳар як нафар аъзои ҳизб муҳим буда, мавқеи сиёсӣ, назари фарохи идеологӣ ва муҳимтар аз ҳама, садоқат ва муҳаббат ба кишвар дар ин раванд нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи дурнамои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳар яки моро зарур аст, ки дар бунёди фардои ободи Ватан саҳми худро гузорем.

26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборак бошад, ҳизбиён ва ҳамватанони азиз!

Умедаи Акрамзода, масъули пахши сомонаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg