БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҲИЗБИ ДАВРОНИ НАВИНИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби даврони навини давлатдории тоҷикон буда, дар фазои сиёсии озод, гуногунандешӣ ва эҳтироми ақидаҳо фаъолият намуда, ҳадафу мақсадҳояшро аз тариқи парлумон амалӣ месозад. Пешрафти фаъолияти он қабл аз ҳама ба татбиқи ормонҳои мардум, амалӣ сохтани меъёрҳои демократӣ  вобаста мебошад.

Тамоми дастовардҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҳизб  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар сиёсати ҷавон поку озода мебошад ва тамоми зинаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё месозад. ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдории инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд. Масъулияти ба зимма гирифтааш ҲХДТ хеле бузургу гарон аст. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи басо сарнавиштсоз тақдири минбаъдаи халқи тоҷик ва Тоҷикистонро ба уҳда гирифта, таҳти роҳбарии Сарвари худ, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ворис ва пуштибони тоҷикону тоҷикистониён гардидааст.

Нақши ҲХДТ дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату Ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсату илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ ва ғайра хеле калон аст.

26-солагии таъсисёбии ҲХДТ муборак, ҳамсафони азиз!

Шомалангова Миҷгона, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg