БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхонаи вилоят” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло бахшида ба истиқболи 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир карда шуд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии ҳизб табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки ҲХДТ дар зарфи 26 соли мавҷудияти худ барои дар ҳаёт татбиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида, ташаббускорону навоваронро дастгирӣ карда, дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятиро дуруст дарк намудааст ва дар татбиқи амалҳои созанда пешсафу пешоҳангиро соҳиб мебошад.
Дар интиҳои чорабинӣ аъзои фаъоли ҳизб бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадр карда шуданд.
Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхонаи вилоят” баромад карда, гуфт, ки роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ дар баробари фаъолияти ҳаррӯзаи худ ҳамеша талош менамоем, ки ҳамаи дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ-ро сарбаландона иҷро намуда, саҳми худро дар пешрафти давлату миллат гузорем.