ВОКУНИШ.Рисолати ҳар як ҷавонмард дар назди Ватан-Модар ин хизмати софдилонаву содиқона баҳри гулгулшукуфию ободонӣ ва обутоб ёфтан дар сафи нерўҳои мусаллаҳи он аст. Имрўзҳо дар сар то сари кишвари мо маъракаи даъвати наваскарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Модар-Ватан сафарбар мегарданд.