ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лоиҳакаш» хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии оид ба фаъолияти давраи ҳисоботии худ ба ҷамъомадагон ахборот пешниҳод карда, аз аъзои ташкилот ҷиҳати саҳмгузории фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ, алалхусус дар маъракаҳои муҳими сисёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ даъват ба амал овард.
Сипас, бо дастгирии иштирокдорон раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуда, шахси арзанда ба вакилии Конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардид.