ВОКУНИШ. Ҳодисаи нангине, ки шаби 6-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби бадхоҳони давлату миллати Тоҷикистон рух дод, ягон шахси ватандӯсту худогоҳро бетараф монда наметавонад. Бадхоҳону хоинон бо ин амалҳои нангин хунрезиву ваҳшонияти худ мехоҳанд боз давлатро ноором ва миллатро сарсону саргардон созанд. Аммо афсӯс, ки дигар миллат ба ин гуна тоифаи пастфитрат бовар надораду ҳамагуна амалҳои ватанфурӯшонро маҳкум кардааст ва намегузорад, ки фазои сулҳу ором ва осмони софу беғубори Ватанро бо ниятҳои нопок тира созанд.
Таърих гувоҳ ва миллат шоҳид аст, ки ташкилкунандаи ҷанги шаҳрвандӣ аъзои ТЭТ ҲНИ мебошад, халқи тоҷик чи рӯзҳои шумро аз сар гузаронд. Модарони фарзандгумкарда бо оҳу нолаи ҷонсӯз, бори гарони зиндагӣ бар души занони бесаробонмонда, кӯдакони аз меҳру навозиши волидайн ятиммонда, ки то ҳанӯз сӯзу доғи ин ҷанги наҳсу шум аз хотираву қалбҳо нарафтааст ва мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ рӯзи баде, ки замоне бо талошҳои душманону зархаридони хориҷӣ ба сараш омада буд, фаромӯш нахоҳад кард.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик Ватани азизамон-Тоҷикистон шукуфон шуд, пеш рафт, рушд кард ва имрӯз, ки мо мебинему шоҳид ҳастем ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар қатори дигар давлатҳои абарқудрат бо фарзандони бонангу ораш ҷойгоҳи хешро пайдо кардааст. Ин ҳама пешрафту ободии Ватанро, сарҷамъию иттифоқии миллатро душманони мо дида, бо чашми ҳасрату оҳи ҷонкоҳ, ки зери дасти кадом хоҷагони хориҷӣ ба хотири як бурда нон ва маблағи ночизе, ки ба як гарди хоки Ватан арзише надорад, хизмат мекунанд, санги маломат мепартоянд, пешрафту тинҷию оромии Ватану миллатро намехоҳанд.
Мо мардуми сарбаланди тоҷик шукргузорӣ аз Сарвари одилу ғамхор, Пешвои муаззами худ мекунем, ки ба мо Худованд чунин Роҳбари хирадмандро лоиқ донистааст ва моро ин шахсияти худодод рохнамои мекунад.
Имрӯзҳо мо занону бонувон озодона дар фазои сулҳу субот дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият дорем ва шукр мекунем, ки Ватани маҳбубамон, Роҳбари ғамхор дорад.
Ман ҳамчун зан-модари тоҷик ҳамагуна амалҳои бадхоҳону разилон, ватанфурӯшони давлату миллатро, ки онҳо аз ҳайвонҳои ваҳшии хунхор фарқе надоранд, сахт маҳкум карда, мегӯям, ки дар Ватани азизамон-Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол барои ашхоси мардумхур, мансабталош ва террористон ҷое нест.
Зебо ИКРОМЗОДА, хабарнигори нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халк»-и КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон