БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТ бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамаи ҳамватанони мамлакатро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбирику муборакбод мегӯяд.

Бисту панҷ сол муқаддам дар кишвари мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки маҳз ҳамин санад мардуми парокандаву ҷангзадаро ба ҳам овард. Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вижагиҳои худ аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи манфиатҳои миллат мебошад. Зеро дар он ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик инъикос ёфтааст. Зимнан, бартарияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷост, ки он худ баёнгари иродаи мустаҳкам ва ғаризаи тамаддунофарии миллати тоҷик мебошад. Ин вижагиҳои азалии миллати тоҷикро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбаре, ки тамоми ҳастиашро барои халқаш бахшидааст, бараъло эҳсос намуда, андешаи худро дар ин маврид чунин баён намудааст: “Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла, ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд”.

Ҳамчунин, Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.

Барои мо халқи тамаддунофари тоҷик боиси саодатмандист, ки ба бузургтарин неъмат – истиқлолияти давлатӣ даст ёфтаем ва имкон фароҳам омад, то баъд аз ҳазор сол бо дасти худ барои худамон қонуни асосии кишварамонро эҷод кунем. Аз ин ҷост, ки имрӯз Тоҷикистон бар пояи Конститутсияи худ метавонад дар саҳнаи сиёсати байналмиллалӣ ба тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибати густардаву созанда ва мутобиқ ба манфиатҳои ҷонибҳоро мустақилона роҳандозӣ кунад.

Аз ин рӯ, биёед дар баробари эътироф, кафолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат, мо низ дар самти эҳтиром, риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун масъулият нишон диҳем. Зеро ин амали мову Шумо дар назди давлату ҷомеа яке аз нишонаҳои зарурӣ ва тақозои тағйирнопазири ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ба ҳисоб рафта, яке аз талабот ва муқарраротҳои ҳатмии Конститутсия маҳсуб меёбад.

Бори дигар биступанҷумин солгарди “Рӯзи қабули Конститутсия”-ро ба кулли мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони азиз муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, файзу баракат ва хушбахтиву тансиҳатиро таманно мекунем.

Бигзор Конститутсия ҳамеша қудбнамо ва чароғи роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бошад!

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

ш. Бохтар, 6 ноябри соли 2019

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg