БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГИ ТАШАККУЛДИҲИИ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИРО БА ДУШ ДОРАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Куҳандиёр»-и деҳаи Куҳандиёр 1-и Ҷамоати деҳоти Ватан бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот доир намуданд.

Дар суҳбат қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, масъулияти бузурги ташаккулдиҳии маънавиёти ҷомеа ва рушди давлатдории миллиро ба душ дорад.

Дар ин раванд ҳама аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро зарур аст, ки бо масъулияти баланди ҳизбӣ ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷомеа ва таъмини фазои солими иттилоотӣ пайваста бо мардум бошанду неруи созандаро дар замири мардум бедор созанд, афкори сиёсии ҷомеаро шакл дода, миллати созандаву офаранда созанд, зеро ки тақозои замон чунин мебошад. Бояд ҳар як сокини мамлакат дарк намояд, ки давлатдорӣ кардан - ин мубориза бурдан аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg