Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «СЭС» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор карда шуд.
Дар кори маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ дар назди иштирокдоштагон аз фаъолияти 2,5 солаи пурсамари ташкилоти ибтидоӣ андешаронӣ карда, иброз дошт, ки ташкилоти ибтидоӣ дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, аз ҷумла Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар корҳои бунёдкорӣ, амалҳои хайру сахо ба ниёзмандону эҳтиёҷмандон саҳми беандоза дошта, дар оянда низ идома хоҳад дод.
Инчунин, дар идома бо ҳамовозии якдилона раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб карда шуда, шахси баобрӯба вакилии Конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардид.
Дар охир намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ андешаҳои хешро баён карда, аз ҳар якаъзои ташкилот ҷиҳати иштироки фаъолона дар ин маъаракаҳои муҳим даъват ба амал оварданд.