БОХТАР. Дар дораи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хатлон роҳ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуда, дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар он раиси ташкилоти ибтидоӣ доир ба фаъолияти 2,5 соли охир ҳисобот дода, ҳамзамон интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи 21-уми шаҳрӣ пешбарӣ гардид.
Дар охир масъулин таъкид доштанд, Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафта дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибэҳтиром арзиш пайдо намудааст. Охирин амали инсондӯстонае, ки Пешвои ғамхори миллат анҷом доданд, ин ҳам бошад, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аст. Аз ин кори Роҳбари давлат мо аъзои ҳизб ифтихор намуда, ҳамаҷониба онро дастгирӣ мекунем. Ин аз он далолат мекунад, ки Тоҷикистон ба ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд эҳтиром мегузораду барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии шоиста тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодааст.