ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи касбӣ- саноатӣ- кимиёии шаҳри Левакант таҳти унвони «Конститусия-танзимгари ҳуқуқу озодиҳои инсон» мизи мудаввар доир гардид.
Сараввал намояндагони ҳизбӣ дар мавзӯи «Конститутсия бахтномаи миллат» баромад намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки нақши таърихии Конститутсия пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқро мушаххас гардонд.
Дар охир касбомӯзони ин боргоҳи маърифат дар бораи таърихи қабул гардидани Конститутсия, нақши бузурги он дар таҳкими қонуният, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва забону рамзҳои давлатӣ бо ифтихор сухан гуфтанд.