БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Май 2018

Мароми мо ҳизбиён вусъат бахшидан ба корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ дар маҳал мебошад

ҲАМАДОНӢ.  Бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоев Исмоил бо мақсади  ба дарки ҷомеа расонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқот бо зиёиёни кишвар бармеояд  маҷлиси ҳизбӣ доир карда шуд.

Ҷавонӣ айёми ташаббускорист

ФАРХОР. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҷавонони ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳия  баргузор гардид.

Ҳифзи дастовардҳои бузурги давлату миллат вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи ҳифзи муҳити зист” баргузор гардид.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон боиси муттаҳидии халқҳои сайёра мегардад

ПАНҶ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо бошандагони  деҳаи  Ҷавонони  ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфуддини ноҳия  баргузор гардид.

Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонони Тоҷикистон

НОРАК. Дар доираи  гузаронидани чорабиниҳо ва сазовор истиқбол намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар китобхонаи марказии шаҳр мизи мудаввар таҳти унвони “Мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам” доир гардид. 

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба насли ояндасози кишвар дучанд аст

Н.ХУСРАВ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда бахшида ба якмоҳи ҷавонӣ чорабиниҳои варзишӣ байни ҷавонону наврасони муассиссаҳои таълими ноҳия баргузор гардида истодаанд. 

Ҳадафҳои олии ҲХДТ дар маҳал дастгирӣ ёфтанд

МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Балхобии ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳа маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид. Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Фаровонии дастурхони мардум аз заҳмати шабонарӯзии деҳқон аст!

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии деҳқонии “Маданият” ва “Борбад”-и ҷамоати  деҳоти Сарвати Истиқлол вохӯрӣ доир гардид.

Табибон сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллатро дар амал татбиқ мекунанд

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таваллудхонаи вилоятӣ” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Бозиҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Восеъ дар Литсей касбӣ-техникии ба номи Рустами Холалӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни  варзишии намуди шашка байни ҷавондухтарон барузор гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg