БОХТАР. Дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло маҷлиси Кумитаи иҷроия доир гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси Кумитаи иҷроия ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.
Н.ХУСРАВ. Гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Истиқлол суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.
ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид ва дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи дар давраи соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021, таҳия ва тасдиқи нақшаи фаъолият вобаста ба роҳандозии тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Ол
ПАНҶ. Баҳри ободу зебо гардонидани кӯчаву гулгаштҳои ноҳияи Панҷ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сулҳ» бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани як гӯшаи диёр ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» гузаронида шуд.
ПАНҶ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифо» оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тиб вохӯрӣ гузаронида шуд.
ПАНҶ. Ҳисса гузоштан дар амалӣ гардидани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тозаву озода нигоҳ доштани обу хоку Ватан, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ бо роҳи муносибати неку дилсӯзона доштан ба муҳити атроф яке аз вазифаҳои ҳар як фарди худогоҳу меҳанпараст мебошад.
МУЪМИНОБОД. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо фаъолон ва истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Ҷалолиддини Румии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат мулоқот баргузор карданд.
МУЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо фаъолон ва истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи А.Партоев оид ба баррасии Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси олии мамлакат мулоқот баргузор гардид.
ҶАЙҲУН. Дар доираи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Лоҳутӣ” ва “Вахш” бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани манзилҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои болозикр ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №49-и Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ доир гардид.
БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ Гулмаҳмадзода Замир оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқоту вохӯрӣ баргузор карда шуд.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12