БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ҲИЗБИЁНРО БА МАСЪУЛИЯТНОКӢ ВОДОР НАМУД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси Кумитаи иҷроия ноҳиявии ҳизб  баргузор  гардид.

Дар маҷлис аъзои Кумитаи иҷроия, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, инчунин узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Аҳмадҷон Ализода,  узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Убайдуллои Файзулло ва намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб  Зебо Бозорова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан маҷлиси Кумитаи иҷроияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид кушода, ҳозиринро бо масъалаҳои рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Мавсуф  аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис  баромад намуда, дар назди ҳозирин  оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия  ҳисоботи муфассал пешниҳод кард. Пас аз ҳисоботи  раиси Кумитаи иҷроия оид ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор ба тариқи овоздиҳӣ  қабул карда шуданд.

Инчунин, дар идомаи  маҷлис  чанде аз фаъолони ҳизби ноҳия доир ба фаъолияти  хеш дар соли сипаришуда  баромадҳо карда, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, Аҳмадҷон Ализода, Убайдуллои Файзулло ва Зебо Бозорова вобаста ба  масъалаҳои мазкур  фикру андешаҳои хешро  баён дошта, барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаи ҳизб ва боз ҳам  пурзӯр кардани фаъолияти ҳизбӣ аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд.

Дар охир фаъолони ҳизб  барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботҳои  дар соли 2020 доиргардида, саҳм гузоштан дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла пешгирии бемории сироятии коронавирус, ки  саҳми муносиб гузоштаанд,  бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сарфароз гардонида шуда,  ҷавонон аз ташкилотҳои ибтидоӣ, ки бори аввал ба сафи ҳизб пайвастанд, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg