БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

БОХТАР. Дар  муассисаи давлатии  таълимии Коллеҷи тиббии  шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло маҷлиси Кумитаи иҷроия доир гардид.

Дар маҷлис вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Маҳмад Султонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин,  аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, котибони масъули ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.

Рӯзномаи маҷлис аз масъалаҳои муҳими фаъолияти ҳизбӣ иборат буда, раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар соли 2020 гузориш дод. Зимни гузориш таъкид гардид, ки мавқеи ҲХДТ дар соли 2020 миёни омма мустаҳкам гардид. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Бохтар  ба 144 адад расонида шуда,  таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳайати сифатии аъзои ҲХДТ равона карда шуда,  аз ҳисоби ҷавонон  зиёд карда шуд.

Соли 2020 барои ҳизбиёни шаҳри Бохтар соли комёбиҳову музаффариятҳо ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол бо дастгирии ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои ҲХДТ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Миннатдории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтарро ба ҳар як аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҷиҳати  сохта ба истифода додани бино ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ баён гардид.

Сипас, масъалаҳо дар бораи тасдиқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроия вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, натиҷагирӣ аз маъракаи обуна -2020, муқоисакунӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ,  доир ба ворид намудани тағийрот ба ҳайати Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, доир ба нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, доир ба таҳлили фаъолияти Гурӯҳи вакилии ҳизбии назди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Муовифиқи қарори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва аз ҳудуди маъмурии шаҳри Бохтар берун рафтани ҳашт нафар аз ҳайати Кумитаи иҷроия озод шуда, ба ҷои онҳо аъзои фаъоли ҳизб интихоб карда шуданд.

Дар идомаи маҷлис Саломзода Сиҷоуддин раиси шаҳри Бохтар, Миралиён Қиёмиддин  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Шодиён Маҳмад Султонзода  вакили Маҷлиси намояндагон, намоядаи КИМ ҲХДТ ба сухан баромада, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба масъалаҳои муҳокимашаванда баён доштанд.

Аз ҷумла, вакили марудмӣ Шодиён Муҳаммад Султонзода фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтарро дар соли 2020 хуб арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҳар як аъзои ҳизб вазифадор аст, ки дар кору фаъолияташ ба амалигардии нишондодҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ва барномаҳои ҲХДТ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷаро равона намояд.

Саломзода Сиҷоуддин  раиси шаҳри Бохтар зимни баромади худ, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, ҳаракати аъзои ҳизб дар шаҳр, қабули аъзо ба сафи ҳизб, фаъолияти гурӯҳи вакилии назди вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, масъалаи обунашвӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ, фаъолнокии аъзои ҲХДТ  ва ғайра ибрози назар кард.

Миралиён Қиёмиддин  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон зимни баромади хеш доир ба масъалаҳои амалӣ намудани Аксияҳои ҳизбӣ ва иштироки  фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои ҳизбӣ суханронӣ намуд.  Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон якчанд аксия ва иқдому озмунҳои ҳизбӣ эълон гардидаанд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як аъзои ҳизб аст, ки онҳоро ҳаматарфа тарғиб намуда, дар амалишавии онҳо саҳми худро гузорад.

Дар интиҳои маҷлис ба чанд нафар аъзои фаъоли ҲХДТ Сипосномаҳо барои саҳми арзанда гузоштан дар табиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg